Расман Леонел Месси футболбози «Париж Сан Жермен»-и Фаронса гардид, интишор намуд сайти расмии ин бошгоҳ.
Яке аз бозингарони маъруфу машҳури олами футбол, ки барои Каталониҳо беамсол буду назир надошт, дар мавсими ҷадид барои парижиҳо бозӣ мекунад. Шартнома бо футболбози 34-сола бо имкони тамдид ба муддати ду сол баста шуд.
Леонел Месс бо шумораи 30-юм дар «Парк де Пренс» варзишгоҳи хонагии «ПСЖ» муаррифӣ гардид. Дар пушти пироҳани Месси шуморае ҷилло медиҳад, ки замони ба “Барселона” омаданаш нахуст шуда бо ин шумора ҳунарнамоӣ карда буд.
– «Ман бесаброна оғози фаъолияти нави касбиамро дар Париж интизорам»– изҳор дошт, Леонел Месси дар ҳол пас аз имзои созишнома.
Бояд гуфт, ки ҳамроҳ бо “Барселона” ӯ даҳ маротиба қаҳрамони Испания, 7 маротиба Ҷом ва 8 маротиба Суперҷоми Испанияро болои сар бардоштааст. Месси инчунин 4 маротиба Лигаи Қаҳрамонҳои Аврупо, 6 маротиба “Тӯби тиллоӣ” -ро ба даст овардааст.
Дар ҳайати Каталониҳо Месси 778 бозӣ гузаронида, дар он 672 гол ва 305 партофти головар анҷом додааст.
Зиёвиддин НАЗАРОВ
радиои “Тоҷикистон”