Дар як мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон масъалаҳои муҳимми ҳамкорӣ, вазъи амнияти минтақавӣ ва таҳвили ваксинаи чинӣ ба Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Бояд гуфт, ки 20 июн ба Тоҷикистон 300 ҳазор вояи ваксинаи “CoronaVac”-и истеҳсоли ширкати “Sinovac Research & Development Co. Ltd” -и Ҷумҳурии Халқии Хитой ва 300800 адад сӯзандоруҳо ворид гардиданд.
Ҳамчунин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон хабар дода буд, ки масъулинаш бо Чин дар мавриди дарёфти бастаҳои ваксинаи “Коронавак” гуфтугӯ кардаанд. Ин манбаъ гуфтааст, ки қарор аст ширкати созандаи ин ваксина Sinovac Research & Development Co. Ltd” дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин созишномаи харид ва таҳвили онро пешниҳод кунад.
Маблағи умумии ин Лоиҳа 26,8 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, аз он 25,0 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои грантиии Бонки Осиёии Рушд ва 1,8 миллион доллари амрикоӣ саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Татбиқи лоиҳа соли 2021 оғоз ёфта, анҷоми он то соли 2023 ба нақша гирифта шудааст. Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) агентии харид интихоб шудааст, харидорӣ ва таҳвили ваксинаҳо ба Тоҷикистон тавассути он идома дода мешавад.