Ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тавре сомонаи мақомоти пойтахт менависад, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳайати Бонки ҷаҳониро таҳти роҳбарии Директори минтақавии Бонк дар кишварҳои Осиёи Марказӣ хонум Татяна Проскурякова ба ҳузур пазируфта, дар меҳвари дидор масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба дар самти обтаъминкунӣ ва корезӣ, инчунин рушди низоми рақамӣ дар шаҳри Душанбе қарор гирифт.
Гуфта мешавад, ки дар вохӯрӣ ҷаноби Озан Севимли ба ҳайси Намояндаи нави доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид ва ҷонибҳо раванди татбиқи Лоиҳаи нави обтаъминкунӣ ва корезии шаҳри Душанберо мусбат арзёбӣ карданд.
“Дар сурати сари вақт амалӣ намудани лоиҳа беш аз 120 ҳазор нафар аҳолии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз хизматрасонии беҳтаркардашудаи таъминоти об ва корезӣ баҳра бурда, талафоти оби нӯшокӣ кам мегардад ва шумораи садамаҳо дар шабакаи обрасонӣ ва корезӣ коҳиш меёбад”,- қайд гардид дар ин мулоқот.
Ҳамчунин, иштирокчиёни мулоқот ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сифати таъминоти оби нӯшокӣ ва раъфи партовҳо атрофи лоиҳаҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаи обтаъминкунӣ ва корезӣ табодули назар намуданд. Дар ин робита, масъалаи бунёди иншооти нави корезию обтозакунӣ бо иқтидори 500 ҳазор метри мукааб дар як шабонарӯз ва сохтмони «Иншооти обтозакунии Варзоб» бо иқтидори 275 ҳазор метри мукааб дар як шабонарӯз муҳокима гардид.
Ҷонибҳо ҳамчунин мавзӯоти марбут ба ҳамкориҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Бонки ҷаҳониро дар самти татбиқи босамари лоиҳаҳои банақшагирифтаи Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart City)» баррасӣ намуданд.
Иштирокчиёни вохӯрӣ қарор доданд, ки минбаъд низ ҳамкории барои ҳар ду ҷониб муфидро дар соҳаҳои барои тарафайн мусоид идома дода, лоиҳаҳои нави муштаракро роҳандозӣ намоянд.