Ба иттилои Дабири кулли СААД Станислав Зас кишварҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) дар иҷлосияи ғайринавбатӣ ба мувофиқа расиданд, ки ояндаи наздик дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ оид ба вазъ дар Афғонистон изҳороти муштарак таҳия карда шавад.
ТАСС, ҳамчунин аз номи Станислав Зас навиштааст, ки сарони кишварҳои узви СААД зарурати муттаҳид сохтани талошҳоро бо Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) оид ба Афғонистон таъкид намуданд.
«Имрӯз зимни муҳокима сарони давлатҳои мо чунин андешаро иброз доштанд, ки бояд дар муддати кӯтоҳ мавқеи мувофиқашудаи СААД оид ба вазъияте, ки ҳоло дар Афғонистон ва атрофи он рух медиҳад, муайян карда шавад. Мо ин корро дар ояндаи наздик анҷом медиҳем. Ба иҷлосия [Шӯрои СААД], ки 15-16 [сентябр] баргузор мешавад, мо изҳороти муштаракро оид ба вазъ дар Афғонистон дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ, ки дар он мавқеи муттаҳидшудаи ҳамаи давлатҳои мо ифода хоҳад ёфт, омода месозем», -иқтибос меорад ТАСС суханони Дабири кулли СААДро.
Дабири кулли СААД гуфтааст, ки «бешубҳа, имрӯз зарурати ҳамкорӣ бо дигар созмонҳои байналмилалӣ, пеш аз ҳама, бо СҲШ дар мавзӯи Афғонистон ба миён омадааст». Ба гуфти ӯ, иштироки Узбекистон дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД аз он шаҳодат медиҳад, ки шарикони ин созмон омодаанд вазъ дар Афғонистонро муҳокима кунанд ва эҳтимол амалҳои худро ҳамоҳанг созанд.
Ёдовар мешавем, ки иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД дар шакли ҳузурӣ 16 сентябри соли равон дар Душанбе баргузор мешавад.