15 муштзани ҷавони Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасон ва ҷавонон дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Арабӣ ба нимфинал роҳ ёфтанд.
Тибқи иттилои Ассотсиатсияи бокси Осиё, бори аввал аст, ки чемпионат миёни наврасон ва ҷавонон дар як вақт ва дар як ҷой баргузор мешавад. Дар он 268 варзишгари соли таваллудашон 2003-2004 миёни ҷавонон ва 2005-2006 миёни наврасон аз 18 давлати қора иштирок доранд.
Чунон чи қаблан «Ховар» гуфта буд, дастаи мунтахаби наврасону ҷавонони Тоҷикистон оид ба бокс дар ҳайати 21 нафар ба Дубай сафарбар гардидааст. Миёни наврасон Анушервон Фозилов (-46кг), Руслан Ғафуров (-50кг), Бузургмеҳр Иксанов (-52кг), Шаҳбоз Додоҷонов (-57кг), Муҳаммад Ҷабборов (-63кг), Юсуф Фозилов (-70кг), Нурланбек Эрматов (-75кг), Акмалҷон Абдувалиев (-80кг), Бибиҷон Музаффарова (-54кг); миёни ҷавонон Акбаралӣ Абдураҳмонзода (-51кг), Искандарбек Рустамов (-54кг), Абубакр Муродов (-57кг), Абдураҳим Ёқубов (-60кг), Сироҷиддин Ҳоҷибоев (-67кг) ва Дурандеш Зубайдов (-80кг) дар нимфинал муҳорибаро идома медиҳанд. Муҳорибаҳо аз рӯи 51 категорияи вазнӣ (писарону духтарон) сурат гирифта, то 30 август идома меёбанд.
Хотиррасон мешавем, ки бори аввал дар Чемпионати Осиё миёни ҷавонон ва наврасон дар баробари медал ҷоизапулӣ низ тақдим мегардад. Варзишгароне, ки миёни ҷавонон медали тилло ба даст меоранд, ҳамчунин 6000 доллари ИМА ҷоизапулӣ хоҳанд гирифт. Барои медали нуқра 3000 доллар ва барои медали биринҷӣ 1500 доллари ИМА пешбинӣ шудааст.
Ҷоизадорон миёни наврасон мутаносибан бо 4000 доллари ИМА, 2000 доллар ва 1000 доллар сарфароз мегарданд.