Мукофотҳои давлатӣ ба кормандони Дастгоҳи иҷроия

Дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони Дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаву муассисаҳои тобеи он мукофотҳои давлатӣ тақдим гардиданд.

Тавре “Ховар” хабар медиҳад, дар маҷмӯъ ба 4 нафар медали Хизмати шоиста, 2 нафар медали Шафқат, 5 нафар медали ҷашнии «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», 3 нафар Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4 нафар Ифтихорнома ва ба 35 нафар Раҳматномаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Мукофотҳо аз ҷониби муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдавс Ҳаётзода ба кормандон супорида шуда, мавриди зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмату талошҳои содиқонаи ҳар фарди худогоҳу худшиноси ватанро қадршиносӣ карда, пайваста дастгирӣ менамояд.