Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия барои таҳқиқ ва ошкорсозии хавфи амалҳои коррупсионӣ дар як қатор донишгоҳҳо аз шаҳрвандон хоҳиш намудааст, то маълумот ирсол намоянд.
Тибқи муқаррароти Агентӣ дар моҳҳои август – декабри соли 2021 дар Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С. Осимӣ, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода гузаронидани таҳлили фаъолият ба нақша гирифта шудааст.
«Аз ин рӯ, аз ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати ошкорсозии хавфи амалҳои коррупсионӣ дар кумита, агентӣ ва донишгоҳҳои интихобгашта, аз ҷумла сатҳи баррасии муроҷиатҳо, шаффофияти фаъолияти онҳо, сомонаи интернетӣ ва амсоли инҳо маълумот ва таклифу пешниҳодҳои худро тариқи почтаи электронии «infoanticorruption.tj» ирсол намоянд»,-муроҷиат кардааст Агентӣ.
Ба навиштаи сомонаи ин ниҳод ҷамъоварии маълумот барои таҳқиқ ва ошкорсозӣ ва таҳлили муносибати мутақобилаи кумита, агентӣ ва донишгоҳҳои интихобшуда бо ҷомеаи шаҳрвандӣ зарур аст.