Кумаки Зидан барои ҷуброни сӯхтор дар Алҷазоир

Сармураббии собиқи Реал Мадрид Зинедин Зидан барои ҷуброни сӯхтор дар Алҷазоир 2 миллион евро кумак кардааст.

Хайри ин мураббии 49-сола дар ҳолест, ки дар минтақаи кӯҳистонии Кабилия, воқеъ дар 100-километрии шарқи пойтахти иёлати Алҷазоир сӯхтор сар зада, 65 нафар ба ҳалокат расиданду маҷруҳони зиёдеро барҷой гузошт. Вазорати корҳои дохилии Алҷазоир бар ин бовар аст, ки сабаби даҳҳо сӯхторе, ки тақрибан дар як вақт дар ҷойҳои гуногун сар задаанд, метавонад оташзанӣ бошад.

Зидан шаҳрванди Фаронса буда, дар шаҳри Марсел таваллуд шудааст. Асли вай аз халқиятҳои берберии шимоли Алҷазоир манша мегирад.

Ғоибов С.