Норасоии об ва интизории ҳосили баланди пахта дар Хатлон

Як гурӯҳи кории мутахасисиони соҳаи кишоварзӣ зимни як озмоиш ва таҳқиқ муайян кардаанд, ки имсол ҳосили пахта дар вилояти Хатлон бештар хоҳад буд.

Тавре, сомонаи Вазорат навиштааст, гурӯҳи корӣ бо мақсади муайян намудани ҳосили интизории (биологӣ)-и пахта дар шаҳру ноҳияҳои пахтапарвари вилояти Хатлон аз майдонҳои кишти пахта дидан намуда, муайян кард, ки дар маҷмӯъ ҳосилнокии интизории пахта нисбат ба ҳосили ҳақиқии соли 2020 бештар мебошад.

Тибқи маълумот, дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон навъҳои пахтаи Флеш, Флора, Синзян-39, Синзян, АДМ-123, Месенжер, Сорбон, Ирам-1МН, ВД-11, Хуҷанд, Хуҷанд-67, Ҳулбук, Хатлон-2014, Хатлон-2012 ва Сабз-Н кишт карда шудааст. Кишоварзони ин манотиқ асосан аз норасоии об танқисӣ мекашанд.

«Имсол ҳосили заминҳои пахтаи вилояти Хатлон аз ҳашаротҳои зараррасон камтар зарар дидаанд, дар хоҷагиҳо то 3 маротиба ва аз он зиёд коркарди кимиёвӣ бар зидди ҳашароту заррарасонҳо гузаронида шуда, ҳоло дар майдонҳои кишти пахта аз ҳашаротҳои зараррасон танҳо сафедболак ва миқдори тамоман кам ширинчаи сиёҳ ба чашм мерасанду халос”,-мегӯяд манбаъ.