Дар шаҳри Душанбе қариб аксари аҳолӣ вояи ваксина гирифтаанд

Дар шаҳри Душанбе маъракаи эмкунӣ зидди бемории коронавируси COVID-19 то имрӯз идома дошта, алакай 77% аҳолии пойтахт ваксинатсия шулаанл.

Вазорати тандурустӣ, ҳамчунин иттилоъ дод, ки маъракаи эмкунӣ бар зидди каронавирус дар саросари  мамлакат дар сатҳи баланд ҷараён дорад.  Ба ҳолати шоми 17 августи соли ҷорӣ дар ҳудуди Ҷумҳури Тоҷикистон 1 миллиону 755 ҳазору 958 нафар шаҳрвандон ё 29,5% аҳолӣ ваксина, ҷумла беш аз 212 ҳазор нафар онҳо вояи дуюми  ваксинаро гирифтаанд.

Ба навиштаи вазорат, аз давраи хуруҷи бемории каронавируси COVID-19 бо талошҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷиҳати  ҳифзи аҳолӣ аз гирифторӣ ба бемории болозикр 4 миллиону 160 ҳазору 740 воя ваксина вориди  кишвар гардонида шуда, иқдомоти амалӣ дар ин самт идома доранд.

Хотиррасон мешавем, ки тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 3 июл ба нашр расид, ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони синни аз 18-сола боло ҳатмӣ мебошад. Ба ақидаи мутахассисони соҳа, алҳол ваксина ва тадбирҳои пешгирикунанда – пӯшидани ниқоби тиббӣ, пайваста шустани дастҳо,  риояи масофаи байни ҳамдигар  аз роҳҳои асосии паст кардани шиддати ин бемории фарогир мебошанд.

Аз ин рӯ, нафароне, ки то ҳол ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус нагирифтаанд, бояд ҳатман ба табибони оилавӣ ва ё ба муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат намоянд. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат тариқи ройгон гузаронида мешавад.