Вазирони фарҳанги кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар як мулоқоти видеоӣ вазъ ва дурнамои рушди ҳамкориҳоро дар соҳаи фарҳанг дар доираи созмон баррасӣ карда, оид ба иҷрои Созишномаи байни давлатҳои узви СҲШ дар соҳаи фарҳанг (Бишкек, 16 августи 2007) ва созишномаҳои дар вохӯриҳои қаблии вазирони фарҳанг баимзорасида табодули назар карданд.
Тавре сомонаи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон менависад, “тарафҳо ҷонибдории худро аз рушди минбаъдаи робитаҳои фарҳангии бисёрҷониба ва дуҷониба дар чаҳорчӯбаи Созмон таъкид карда, ҳамдигарфаҳмии байни халқҳо, ҳифзи гуногунрангии фарҳангҳо, эҳтироми байниҳамдигарӣ ва интишори иттилоот дар бораи анъана ва урфу одатҳои халқҳои ҳавзаи СҲШ-ро омили таҳкими ҳамкориҳо арзёбӣ намуданд”.
Бояд гуфт, ки дар ҷаласа вазири давлатии фарҳанги Ҷумҳурии Ҳиндустон Арҷун Рам Мегвал, вазири фарҳанг ва варзиши Ҷумҳурии Қазоқистон Раимқулова Актотӣ Раҳматуллаевна, муовини вазири фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Халқии Хитой Чжан Сю, вазири фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Ҷумҳурии Қирғизистон Иманалиев Қайрат Олҷобаевич, вазири мероси миллӣ ва фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Покистон Шафкат Маҳмуд, муовини вазири фарҳанги Федератсияи Россия Олга Сергеевна Ярилова, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат, вазири маданияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Назарбеков Озодбек Ахмадович фаъолона ва Дабири кулли СҲШ Норов Владимир Имамович ширкат варзиданд.