Бо дархости ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори қабулнамудаи ҷониби Федератсияи Русия аз 27 августи соли 2021 парвозҳои мунтазами байналмилалӣ дар хатсайри Душанбе-Москва-Душанбе аз 4 парвозӣ дар як ҳафта ба 14 парвозӣ дар як ҳафта афзоиш дода мешавад.
Дар ин бора Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интишори як муроҷиатнома хабар дода гуфт, ки афзоиш ёфтани парвозҳои мунтазами байналмилалӣ барои пурра қонеъ гардонидани талаботи мусофирон ба нақлиёти ҳавоӣ ва коҳиш ёфтани арзиши чипта заминаи мусоиде фароҳам меоварад.
Ба иттилои манбаъ, дар баробари афзоиш ёфтани парвозҳои мунтазами байналмилалӣ дар хатсайри Душанбе-Москва-Душанбе, қарор қабул карда шудааст, ки аз фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Ҳуҷанд ва Кўлоб ба фурудгоҳҳои байналмилалии Федератсияи Русия, ки парвозҳои байналмилалӣ дар ин фурудгоҳҳо барқарор шудаанд, як парвозӣ дар як ҳафта дар ҳамаи самтҳои барқароршуда амалӣ карда шаванд.
“Инчунин қобили зикр аст, ки бо зиёд гардидани парвозҳои ҳавопаймоӣ ва хатсайрҳои мунтазам ба самтҳои гуногуни Федератсияи Русия, арзиши чиптаи ҳавопаймоӣ паст гардида, дастраси мусофирон мегардад. Вобаста ба ин, хоҳишмандон ва шаҳрвандони кишварамон метавонанд, ба нуқтаҳои чиптафурӯшӣ муроҷиат намуда, бо нархи муқарраргардида чипта харидорӣ намоянд”,-гуфтааст Агентӣ.