Бейсбол ва каратэ-до дар рӯйхатти бозиҳои Париж-2024 нестанд

Баъд аз ба анҷом расидани Бозиҳои олимпии Токио-2020 омодагиҳо ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 оғоз гардиданд.

Бозиҳои олимпии Париж-2024 аз 26 июл то 11 августи соли 2024 дар шаҳри Парижи Фаронса доир мегардад. Гуфта мешавад, ки то баргузор гардидани ин 33-юмин бозиҳо, бо сабаби як сол таъхир дар бозиҳои Токио-2020, ҳамагӣ 3 сол боқӣ мондааст.

Кумитаи олимпии Тоҷикистон дар як хабари худ навиштааст, ки «моҳи декабри соли гузашта дар ҷаласаи Шӯрои иҷроияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ барномаи 33-юм Бозиҳои Олимпиада дар Париж тасдиқ шуд, ки аз 32 намуди варзиш иборат аст. Кумитаи тадорукоти бозиҳо дар баробари 28 намуди олимпии варзиш, 4 намуди варзишро пешниҳод кард – брекданс (бори аввал вориди барномаи Бозиҳои олимпӣ мегардад), скейтбозӣ, мавҷбозӣ ва шӯхпаймоии варзишӣ, ки дар Олимпиадаи Токио низ буданд».


Хотирасон мекунем, ки намудҳои варзиши бейсбол ва каратэ-до, ки дар барномаи Бозиҳои олимпии Токио-2020 буданд, дар Париж нахоҳанд буд. Аммо то соли 2022 дар Барномаи Бозиҳои олимпии Париж-2024 шояд дигаргуниҳо ворид карда шавад.