Тафтиши фаъолияти молиявию хоҷагии дастгоҳи марказии Вазорати фарҳанг ва 35 муассисаву корхонаи тобеъи он ҷамъбаст гардида, як қатор камбудиҳо, аз ҷумла дар пешбурди ҳисоботи муҳосибӣ ошкор гардидааст.
Гуфта мешавад, ки тафтиши фаъолияти молиявию хоҷагӣ барои давраи солҳои 2019-2020 тибқи нақшаи корӣ дар Дастгоҳи марказӣ, корхона ва муассисаҳои тобеи вазорат аз ҷониби мутахассисони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, натиҷаи он дар ҷаласаи ҳайати мушовараи вазорат мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Бино ба иттилои Вазорат, “бо мақсади бартараф намудани камбудӣ ва норасоиҳое, ки дар рафти тафтиши фаъолияти молиявию хоҷагӣ ошкор гардиданд, инчунин пешбурди сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи идораи самарабахши маблағҳои буҷети давлатӣ, дуруст тартиб додани хуҷҷатгузории молиявӣ ва дар оянда роҳ надодан ба камбудию норасоиҳо, изофанависӣ пешниҳодот ва тавсияҳои масъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия расонида шуд”.
Манбаъ менависад, ки вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода дар навбати худ оид ба сарфакоронаю мақсаднок истифодабарии маблағҳои буҷетӣ, саривақт пардохт намудани андозҳо, роҳ надодан ба камбудиҳои молиявӣ, беҳтар намудани ҳисоботҳои муҳосибӣ, ислоҳи камбудиҳо дар пешбурди ҳисоботи муҳосибӣ, роҳ надодан ба камбудиҳои молиявӣ дастуру супоришҳои мушахас дод.
“Ба сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори вазорат супориш дода шуд, ки барои ислоҳи камбудиҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба мақсаднок истифодабарии маблағҳо, дуруст ба роҳ мондани ҳисобу китоби муҳосибавӣ ва пешгирӣ намудани истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои буҷетӣ, ба роҳ мондани нақшаи ягонаи ҳисобҳои баҳисобгирии муҳосибӣ дар ташкилоту муассисаҳои тобеъ назоратро пурзӯр намоянд”,-омадааст дар гузориш.