СААД барои тамринҳои низомӣ омодагӣ мебинад

Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Станислав Зас хабар додааст, ки ин созмон ба тамрини низомӣ дар марз бо Афғонистон омодагӣ мебинад.

Ба навиштаи сомонаи “Лента.ру” моҳҳои наздик машқҳо дар наздикии марзи Тоҷикистону Афғонистон шуруъ мешаванд ва неруҳои дастаҷамъии СААД омодагии худро дида истодаанд.

Нашрияи «Ҷумҳурият» бо такя ба манобеи худ навиштааст, ки “қаблан намояндаи махсуси Президенти Россия дар Афғонистон, директори департаменти дуюми осиёии Вазорати корҳои хориҷии Россия Замир Кобулов гуфта буд, ки Маскав дар сурати тағйири ғайричашмдошти рӯйдодҳо дар ҳудуди Афғонистон нақшаи амали эҳтиётӣ дорад».

СААД созмони ҳарбию сиёсӣ буда, хусусияти мудофиавӣ дорад ва таҳкими сулҳ, амният, суботи байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҳимояи истиқлолият, тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёрии кишварҳои аъзо дар асоси дастаҷамъӣ, ҳадафҳо ва принсипҳои асосии Созмон эътироф карда шудаанд. Ҷиҳати дастёбӣ ба онҳо, кишварҳои аъзо ба истифодаи воситаҳои сиёсӣ афзалият медиҳанд.