Интиқоли сабзавот ва мева аз Тоҷикистон ба Русия аз 4,8 ҳазор тонна то 6,7 ҳазор тонна дар соли 2021 афзоиш ёфт.
Дар ин бора низоми иттилоотии «Росселхознадзор» ва Низоми федералии иттилооти давлатӣ “Аргус-Фито” маълумот дода, қайд намудаанд, ки Тоҷикистон дар байни кишварҳои ИДМ ҳамчун бузургтарин таъминкунандаи меваи хушк ба Русия боқӣ мемонад (зиёда аз 3 ҳазор тонна).
Мувофиқи маълумоти Росселхознадзор, ки ба дасти «Ховар» расидааст, ҳар як кишвари ИДМ дар соли 2021 интиқоли баъзе намудҳои молро ба Русия афзоиш додааст. Аз ҷумла, Тоҷикистон ба Федератсияи Русия содироти меваи хушк, гелос, ангур ва шарбатро афзоиш дод.Афзоиши таъминоти меваи хушки омехта 15% буда, аз 1,4 ҳазор тонна то 1,6 ҳазор тонна дар соли равонро ташкил медиҳад.Афзоиши зардолуи хушк 6,6% буда, аз 1,5 то 1,6 ҳазор тоннаро ташкил мекунад.Гелоси ширин — аз 45 тоннаи соли гузашта 19 маротиба афзоиш ёфта, имсол ба 866 тонна расид.