Тухмии навъҳои маҳаллӣ-кафили ҳосили фаровони зироати кишоварзӣ

Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки  хосилнокии баланди зироатҳои кишоварзӣ дар баробари анҷом додани корҳои агротехникӣ аз сифати тухмиҳо низ вобастагӣ дорад. Яъне, тухмии хушсифат барои ба даст овардани ҳосили фаровони зироатҳои кишоварзӣ мусоидат мекунад. Агар тухмии зироати кишоварзӣ ба иқлими минтақа мувофиқ набошад, хосили дилхоҳ ба даст намеояд. 

Шарофиддин Кароматов-директори Маркази миллии захираҳои генетикии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мегуяд, ки  олимони соҳаи кишоварзӣ, тули 30 соли давраи соҳибистиқлолӣ беш аз 260 навъи зироати кищоварзии мутобиқшударо офариданд, ки ба касалиҳои зараровари растанӣ тобоваранд.

Маркази миллии чумхуриявии захирахои генетикии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон аз ҷумлаи муассисаҳои илмие, ба ҳисоб меравад, ки ба коркарди тухмии зироат ихтисос дода шудааст ва дар маркази мазкур тамоми имкониятҳо барои ҷамъоварӣ ва захира намудани онҳо мавҷуд аст. 

Гузашти айём сорит кард, ки солҳои охир таъсири тағйирёбии иқлим нисбат ба дигар соҳаҳо дар  соҳаи кишоварзӣ чашмрастар аст.  Бо назардошти пешгирӣ аз таъсири ногузири тағйирёбии иқлим олимони Маркази миллии захираҳои генетики Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон низ саҳмгузорӣ менамоянд. Ҳамсуҳбати мо Шарофиддин Кароматов мегўяд, ки имрўз марказ барои селексенерон  тамоми шароитро муҳайё кардааст, то онҳо навъҳои ба таъсири тағйирёбии иқлим тобоварро офаранд.

Дар ҳамин ҳол Шоҳназар Ҷобиров- муовини директори Маркази миллии чумхуриявии захирахои генетикии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мегўяд, ки навъҳои маҳаллӣ нисбат ба навъҳои гибриди воридшудаи хориҷӣ бамаротиб беҳтаранд.

Тавре коршинос Шоҳназар Ҷобиров иброз медорад, навъҳои маҳаллӣ ба ҳаргуна шароит, аз ҷумла гармшавии иқлим устувор буда, нисбат ба навъҳои селексионӣ бартарӣ доранд. Дар идома ин ҳамсуҳбати мо  мегўяд, ки тавассути гибридҳои воридшуда касалиҳои зараррасони зироат низ  аз хориҷа ворид мешавад, моро ин шабурўз мебояд, ки дар самти истифодаи тухмӣ эҳтиёткор бошем.

Воқеан ҳам танҳо ҳамин ибрози назар кофист, ки аз оқибати бади истифодаи тухмиҳои хориҷӣ андеша кунем. Гузашта аз ин таҷрибаи кишоварзон нишон медиҳад, ки онҳо дар такя ба сифати тухмиашон дурнамои ҳосилро муайян мекунанд. Пас дар шароити кунунӣ, моро мебояд ба хотири таъмини амнияти ғизоӣ аз тухмиҳои ватанӣ ҳар чӣ бештар аз пештар истифода намоему корҳои агротехникиии парвариши зироатро дуруст ба роҳ монем. Зеро таъмини бозори истеъмолии мамлакат аз заҳмати кишоварзон вобастагӣ дорад.

Муродулло Раҳимов

радиои «Тоҷикистон»