То 20 августи соли ҷорӣ дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон сар задани селҳои хусусияти пиряхӣ аз эҳтимол дур нест.
Дар ин бора, Агентии обуҳавошиносӣ хабар додааст ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз аҳолӣ бо эҳтиром хоҳиш мекунад дар ин рӯзҳо эҳтиёткор бошанд. Селроҳаҳо, каналҳо, ҷӯйборҳоро сари вақт аз ҳар гуна хасу хасрӯбаҳо тоза кунанд, то оби зиёдатӣ роҳи баромад дошта бошта бошад.
КҲФ тавсия додааст, ки беҳтар мебошад дар ин рӯзҳо шаҳрвандон аз рафтан ба моҳидорӣ, шикор, ҷамъоварии ҳезуму гиёҳҳои шифобахш ва чорвочаронӣ худдорӣ кунанд.
“Ронандагон ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ва минтақаҳои селхез ҷиддан қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя намоянд, бахусус ҳангоми ҳаракат риояи фосила байни мошинҳо шарти муҳими бехатарист”,- навиштааст ин ниҳод.
Бояд гуфт, ки моҳҳои охир фаромадани сел дар минтақаҳои куҳии мамлакат зиёд ба чашм мерасад. Аз ҷумла, дар ноҳияҳои Лахшу Тоҷикобод ва Вахшу Кӯлобу Панҷакент бар асари ин ҳодисаи табиӣ мардум талафоти ҷониву молӣ диданд.