Дар даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ- «Андалеб-2021» ҷои якум насиби ҳунармандони ноҳияи Восеъ, Ҷаббор Расулов ва шаҳри Ҳисор, ҷои дуюм аз ҳунармандони шаҳри Хуҷанд, шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Ёвон ва ҷои сеюм насиби ҳунармандони ноҳияҳои Рӯдакӣ, Файзобод, Тоҷикобод, Рашт ва Муъминобод гардид. Шоҳҷоизаи фестивалро ҳунармандони шаҳри Панҷакент ба даст оварданд.
Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштироки фаъолона дар тарғиби фарҳангу ҳунарҳои мардумӣ якчанд нафар ҳунармандон, раисони шаҳру ноҳияҳо, сардорони раёсатҳо, шуъба, бахшҳои фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, масъулин ва ташаббускорон бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», Диплом, Ифтихорнома, Сипоснома ва мукофотҳои пулию молӣ сарфароз гардонида шуданд.
АМИТ «Ховар» дар гузориши худ овардааст, ки «дар номинаҳои суруди ҳамсароён- ҳунармандони шаҳри Хуҷанд, рақси якка- ҳунарманди ноҳияи Хуросон, бадеҳа- ҳаваскорони шаҳри Турсунзода, навозиши якка- ҳунармандони ноҳияи Варзоб, саҳначаи ҳаҷвӣ- ҳаваскорони ноҳияи Рӯдакӣ, суруди анъанавӣ- ҳунарманди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, намоиши сару либоси миллӣ- ҳунармандони шаҳри Панҷакент, порча аз анъанаҳои мардумӣ- ҳаваскорони ноҳияи Рашт, суруди якка- ҳунармандони ноҳияи Ҷаббор Расулов, суитаи овозию рақсӣ- ҳунармандони шаҳри Панҷакент баромад намуданд».
Бояд гуфт, ки даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ- «Андалеб-2021» аз 3 то 13 август дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев баргузор гардид. Фестивали имсола ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, бештари суруду оҳангҳо тараннумгари Тоҷикистон, истиқлол ва модару ватан буданд.