Интизор меравад, ки бо дарназардошти дигаргун гаштани ҳарорати ҳаво нархи ғалладонагиҳо дар бозори ҷаҳонӣ афзоиш ёбад.
Дар ин маврид сомонаи allaboutfeed.net хабар медиҳад, ки агар кишварҳои ғарбии Аврупоро обхезӣ фарогир бошад, имрӯзҳо баъзе аз музофотҳои кишоварзии Канада ва ИМА-ро хушксолӣ таҳдид мекунад. Ба нигоштаи манбаъ, вазъи бозорҳои фючерсӣ бозгӯйи то ба 9 дарсад афзоиш ёфтани нархи ғалладонагӣ дар моҳи сентябр аст. Ҳамзамон коршиносон то ба 10 евро афзудани қиммати ҳар як тонна ҷуворимаккаро барои моҳи ноябр пешгӯйӣ мекунанд.
Бояд гуфт, ки дар ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои таъмин намудани бозор талошҳо намуда истодааст. Аз ҷумла, бар асоси маълумоти Вазорати кишоварзӣ соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ кишоварзон дар майдони 271666 га кишти ғалладонагиҳо гузарониданд, ки то санаи 06.08.2021 майдони 247021 гектарро даравида, майдони 243465 га куфта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11178 га зиёд буда, 90,9 %-и иҷроиши дурнаморо ташкил медиҳад.
Имсол кишоварзони вилояти Хатлон дар майдони ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо пешсаф буда, 129859 гектарро чамъоварӣ намуданд, ки ҳосили умумии чамъоварикардашуда 456340 тоннаро ташкил дода 99,4%-и иҷроиши дурнаморо ташкил медиҳад.
Раҳимов М.,
Радиои Тоҷикистон