Воридоти бор тариқи гузаргоҳи Қулма – Қаросу зиёд шуд

Дар 7 моҳи соли равон ҳаҷми воридоти бор бо нақлиёти автомобилӣ тариқи гузаргоҳи Қулма – Қаросу нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17 фоиз зиёд шудааст.

Ин нукта зимни мулоқоти видеоии вазири нақлиёт Азим Иброҳим бо Гурӯҳи кории механизми муштарак оид ба пешгирӣ ва назорати эпидемия дар сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ноҳияи Мухтори Синсизян – Уйғури Ҷумҳурии мардумии Чин таъкид гашт.

Бино ба маълумоти вазорат роҳбарони ҳайатҳо бо қаноатмандӣ қайд карднад, ки бо сиёсати пеширифтаи сарони ҳар ду кишвар муносиботи дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод ва ҳамлу нақли байналмилалӣ сол аз сол густариш меёбад.

  «Ҷонибҳо масоили ҳалталабро дар самти таъмини интиқоли бемамониати бор тавассути гузаргоҳи марзии Қулма – Қаросу бо риояи қоидаҳои пешгирӣ ва назорати эпидемия мавриди баррасӣ қарор дода, аз рўи масоили муҳокимашаванда мубодилаи афкор намуданд»,-менависад манбаъ.