Олмон нақша дорад, то ба панҷ кишвари эҳтиёҷманд ваксинаи «AstraZeneca» ирсол намояд.
Ин иқдом рӯзҳои наздик анҷом хоҳад ёфт ва ба гуфтаи ҳукумати федералии ин кишвар ба Афғонистон 213600 воя, Эфиопия 271200 воя, Судон 357600 воя , Тоҷикистон 100800 ва Узбекистон 355200 воя ирсол мегардад. Ба навиштаи “Ховар”, мувофиқи маълумоти СҶТ, дар ин кишварҳо эҳтиёҷ ба ваксина махсусан зиёд аст. Онҳо акнун метавонанд аз ин ваксина мустақиман дар барномаҳои эмгузаронии худ истифода кунанд.
Ҳамин манбаъ, қаблан ҳам гуфта буд, ки Олмон 21 май дар Саммити ҷаҳонии тандурустӣ эълом дошт, ки то охири сол, пеш аз ҳама, ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ, ҳадди аққал 30 миллион воя ваксина медиҳад. Ин кишвар вояҳоро асосан тавассути ташаббуси COVAX интиқол дод.
“COVAX механизми байналмилалӣ аст, ки СҶТ дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди ҷаҳонии ваксинаҳо ва иммунизатсия ва эътилофи навовариҳо барои омодагӣ ба эпидемия баровардааст. Он таъсиси иқтидори истеҳсолиро дастгирӣ мекунад ва харидро анҷом медиҳад. Дар мувофиқа бо шартҳои барномаи кишварҳои пешрафта барои хариди ваксинаҳо ба давлатҳои дар ҳоли рушдбуда, пардохт мекунанд. Тибқи нақшаҳо, то охири соли 2021 бояд 2 миллиард вояи ваксинаҳо истеҳсол ва ба тамоми ҷаҳон баробар тақсим карда шавад»,-илова кардааст «Ховар».