Довталабоне, ки ба тақсимоти асосӣ роҳ ёфта, дар тақсимоти мазкур аз рӯйи ҳеҷ яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон комёб нагардиданд, метавонанд барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ худро номнавис кунанд.
Дар ин бора аз ММТ хабар дода, гуфтаанд, ки азнавбақайдгирии довталабон аз 11 то 14 август сурат мегирад. “Натиҷаҳои тақсимоти такрорӣ, ки дар асоси балҳои аз имтиҳонҳо бадастовардаи довталабон ба таври худкор тавассути системаи иттилоотии “Довталаб”, яъне бе дахолати омили инсонӣ гузаронида мешавад, 18‑уми август эълон карда мешавад”.
Ба иттилои манбаъ, довталабоне, ки дар озмуни тақсимоти асосӣ аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон ба ин ё он муассисаи таълимӣ гузашта буданд, инчунин довталабоне, ки холҳои гузаришро аз як ё якчанд субтест соҳиб нагардида, ба озмуни тақсимот роҳ наёфта буданд, ҳуқуқи иштирокро дар озмуни тақсимоти такрорӣ надоранд.
ММТ ба диққати довталабон мерасонад, ки рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои дорои ҷойҳои холӣ, ки барои тақсимоти такрорӣ пешниҳод мегардад, дар сомонаи Марказ гузошта шудааст. Ба довталабон тавсия дода мешавад, ки аз рӯйхати мазкур комбинатсияҳои ихтисосҳоро пешакӣ интихоб намуда, баъдан ба нуқтаҳои бақайдгирӣ муроҷиат кунанд ва тибқи тартиботи муқарраршуда ба бартарии интихобҳо диққат дода, хато накунанд.