Наврасони тоҷик аз Булғористон медали тилло ва биринҷӣ оварданд

Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба санъати муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбӣ миёни наврасони аз 12 то 18-сола Тоҷикистон сазовори як медали тилло ва 4  медали биринҷӣ гардид.

Чемпионат дар шаҳри Софияи Булғористон миёни варзишгарони беш аз 23 кишвари дунё доир гашт. Тавре “Ховар” менависад, медали тиллоро дар мунтахаби Тоҷикистон Хуршед Қудратов дар вазни 67 кг миёни варзишгарони 14-15-сола ба даст овард. “Медалҳои биринҷиро Имоил Зайниддинов дар вазни 40 кг миёни варзишгарони 12-13-сола, Аслиддини Баҳриддин, Сафиаллоҳи Маҳмадалӣ миёни иштирокчиёни 14-15-сола ва Умед Маҳмадиев дар вазни 52 кг дар синни 16-17- сола ба даст оварданд”.

Ҳамчунин, манбаъ мегӯяд, ки Чемпионати ҷаҳон оид ба санъати муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбӣ миёни наврасони 12-18-сола- IMMAF 2021 аз 29  июл то 1 август дар шаҳри Софияи Ҷумҳурии Булғористон  дар сатҳи баланд баргузор гардид. Баъд аз бозгашт парчамбардорони кишварро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Федератсияи санъати муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбӣ ва ҳаводорони зиёд истиқбол гирифтанд.