Тоҳир Маладустов аз гузаришаш ба дастаи Ӯзбекистон хабар дод

Ҳамлагари ҷавони тими мунтахаби футболи Тоҷикистон Тоҳир Маладустов ба дастаи “Нурафшон”-и Бухоро гузариш кард.

Ӯ дар варзишгоҳи «Бухоро Арена» аз худ дарак дода, дар як суҳбат ба Радиои Тоҷикистон гуфт, ки “ман тоза ба ҳайати бошгоҳи Бухоро шомил гардидам ва бо ин даста мақсади ба Суперлигаи Ӯзбекистон баромаданро дорам. Айни замон даста дар “Про лига”-и Ӯзбекистон қарор дорад. Дар ҳоли ҳозир дастаи мо аз тими садрнишини мусобиқа 3 имтиёз кам дорад”.

Бояд гуфт, ки Тоҳир Маладустов то имрӯз дар дастаҳои  «Барқчӣ», «Канган» – и Қирғизистон ва «Хуҷанд» -и шаҳри Хуҷанд ҳамчун ҳамлагари марказӣ бозӣ кардааст.

Таваҷҷуҳи дастаҳои бурунмарзӣ ба варзишгарони тоҷик аз муваффақияти футболи меҳан башорат медиҳад. Аз ин рӯ, умед аст, ки Тоҳир дар майдони сабз волотарин ҳунарро нишон хоҳад дод.

                                                                              Зиёвиддин Назаров,

Радиои Тоҷикистон