Беш аз як соли охир теъдоди сайёҳон ба ВМКБ бамаротиб коҳиш ёфта, ба даромади ширкатҳои сайёҳӣ зарбаи сахт ворид намуд.
Дар ин бора Ёдгор Файзов ҳафтаи гузашта дар як ҳамоиш таъкид дошт, ки ин омил ба паҳншавии вируси сироятии коронавирус вобаста мебошад. Ӯ ҳамчунин, гуфт, ки бо вуҷуди ин, мусиқии суннатӣ, урфу одатҳои мардумӣ ва дигар меросҳои таърихии минтақаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла Бадахшон метавонанд ба ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон мусоидат намоянд. Ӯ қайд, ки дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ рушду нумуъ ёфта, барои ҷалби ҷаҳонгардон заминаи боэътимод гузошта шуд.
Сомонаи мақомоти вилоят аз номи раиси ВМКБ гуфтааст, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат тавассути Бонки ҷаҳонӣ 4,5 миллион доллар барои барқарор намудани қалъаи Ямчун ҷудо гардида, як қисми ин иншооти таърихи азнавсозӣ хоҳад шуд. Дар ҳамоиш, ҳамчунин роҳҳои ҳали рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳи муайян гардида, масъалаҳои вобаста ба рушди мероси фарҳангиву таърихи аз ҷониби мутахассисон ва олимон табодули назар сурат гирифт.
Бояд гуфт, ки дар умум низ соли 2021 сайёҳони хориҷӣ камтар ба Тоҷикистон омадаан ва бино ба маълумоти Кумитаи рушди сайёҳӣ дар нимсолаи аввали соли равон ба кишвар 125,3 ҳазор сайёҳи хориҷӣ ташриф оварданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 59% камтар аст.