Хароҷоти буҷети давлатӣ дар моҳҳои январ–июни соли 2021 дар доираи нақшаи пешбинигардида ва даромадҳои воқеии буҷет амалӣ карда шуда, ба соҳаҳои иқтисодии кишвар зиёда аз 12,9 млрд сомонӣ равона гардидааст. Ин рақамро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.
Ба таъкиди вазир аз ин маблағ ба соҳаҳои мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 688,1млн сомонӣ, соҳаи маориф 2,4 млрд сомонӣ, тандурустӣ 1,1 млрд сомонӣ, ҳифзи иҷтимоӣ 1,9 млрд сомонӣ ва фарҳангу варзиш 492 млн сомонӣ, инчунин ба соҳаҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ 713,7 млн сомонӣ, комплекси сӯзишворию энергетикӣ- 2,4 млрд сомонӣ, кишоварзӣ- 294,6 млн сомонӣ, саноату сохтмон- 84,3 млн сомонӣ, нақлиёт ва коммуникатсия- 820 млн сомонӣ ҷудо гаштааст.
Ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатӣ бо дарназардошти маблағҳои барои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ҷалбшуда ва маблағҳои махсуси муассисаю ташкилоти буҷетӣ ба 13,2 млрд сомонӣ баробар гардида, иҷрои нақшаи нишондиҳандаҳои мазкур ба андозаи 106,5 фоиз таъмин гардид. Воридоти он нисбат ба нақша 809,6 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 ба маблағи 3,4 млрд сомонӣ зиёд мебошад. Ин матлабро имрӯз Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.
Вазири молия гуфт, ки ба маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ диққати махсус дода шуда, аз ҳисоби буҷети давлатӣ бо дарназардошти хароҷоти соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ин соҳаҳо 6,5 млрд сомонӣ равона гардид. Хароҷоти соҳаи мазкур 51 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатиро ташкил менамояд.
Бо мақсади таъмини уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, аз ҷумла ба пардохти саривақтии музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 3,2 млрд сомонӣ, идрорпулӣ 43 млн сомонӣ, нафақа 1,5 млрд сомонӣ, ҷубронпулӣ ва кумакпулиҳо дар ҳаҷми умумии 186 млн сомонӣ равона гардидаанд.