Гардиши савдои хориҷӣ 42,8 фоиз таъмин гардид

Вазири рушди иқтисод ва савдо дар нишасти матбуотӣ қайд намуд,ки дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ рушди ММД аз ҳисоби  афзоиши  ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ- 23,4 фоиз, кишоварзӣ- 8,1 фоиз,  маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ- 22,1 фоиз, мусофиркашонӣ- 19,6 фоиз, гардиши савдои дохилӣ- 17,2 фоиз, боркашонӣ- 2,2 фоиз, хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ- 13,2 фоиз ва гардиши савдои хориҷӣ- 42,8 фоиз таъмин гардид.

Инчунин вазир афзуд, ки сатҳи таваррум  дар ин давра 3,9 фоизро ташкил намуд, ки он аз ҳисоби 5,1 фоиз болоравии  нархҳои  маҳсулоти озуқаворӣ, 3,1 фоиз молҳои ғайриозуқавӣ ва 1,6 фоиз  тарофаҳои  хизматрасонии пулакӣ ташаккул  ёфтааст.

Завқӣ Завқизода зикр кард, ки  таҳлили натиҷаҳои рушди  иҷтимоию иқтисодии кишвар бозгӯи он аст, ки  дар натиҷаи амалигардонии  дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба пешгирии таъсири  хавфҳои  эҳтимолӣ ба иқтисоди  миллӣ  ва таъмини устувории  макроиқтисодии кишвар, истифодаи самараноки  имконияту захираҳои мавҷуда, аз қабили заминҳои кишоварзӣ ва ҷалби сармояи ватниву хориҷӣ новобаста ба  таъсири омилҳои  беруна дар ин давра рушди иқтисоди миллӣ таъмин гардид.