Содироти маҳсулоти ватанӣ ба кишварҳои хориҷ афзоиш меёбад

Бо мақсади таъмин намудани содироти маҳсулоти ватанӣ  дар нимсолаи аввали соли равон ба маблағи 1231,6 миллион доллар молу маҳсулоти истеҳсоли коргоҳу корхонаҳо ва хоҷагиҳои кишоварзии кишвар ба хориҷи мамлакат содирот гардид, ки нисбат ба 6 моҳи соли 2020 577,5 миллион доллар ё ин, ки 92,2% зиёд мебошад.

Тавре радиои «Овози тоҷик» хабар медиҳад, Раиси Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода зимни нишасти хабарӣ иброз дошт, ки дар ин давра ҳаҷми содироти маҳсулоти саноатӣ 1219,3 млн. ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 578,4 млн. доллар ё  ин, ки 92,2% зиёд мебошад.

«Дар самти зиёд намудани содироти маҳсулоти кишоварзӣ тибқи махлумоти оморӣ 12256,9 ҳазор доллар маҳсуоли кишоварзӣ содирот гардид. Дар ин давра, аз руи ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ 106,4 ҳазор тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба хамин давраи соли гузашта 9,4 ҳазор тонна ё 9,7% зиёд гардидааст. Дар ҳаҷми умумии содироти маҳсулоти кишоварзӣ сабзавот 84,7 ҳазор тонна ё 79,6%, меваи хушк 11,9 ҳазор тонна ё 11,2%, меваҷот 7,7 ҳазор тонна ё 7,2% ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ 2,2 ҳазор тонна ё 2,0% ташкил медиҳад»,-гуфт  Шавкат Бобозода.

Тибқи маълумоти номбурда, кишварҳои хориҷ имрӯз таваҷҷӯҳи бештар ба маҳсулоти кишоварзии кишвар, аз ҷумла ба пиёз зоҳир менамоянд, ки соли ҷорӣ нисбати дигар маҳсулоти кишоварзӣ аз ҳама зиёд содирот гардидааст.

Маврид ба зикр аст, ки Агентӣ якҷо бо созмону лоиҳаҳои байналмиллалии соҳавӣ ҷиҳати мукаммалгардонии низоми миллии дастгирӣ ва рушди содирот, аз ҷумла дар самти ташкили платформаи рақамии низоми пайгирии сифати маҳсулот, марказҳои логистикӣ, мактаби содиротӣ, ташкил намудани курсҳои омӯзишӣ оид ба банду баст, коркард,  захира ва интиколи маҳсулоти кишоварзӣ марҳила ба марҳила дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташкил намуда истодааст.