Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид муҳтарам Антониу Гутерриш барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
“Муҳтарам ҷаноби Дабири кулл,
Хабари даргузашти бармаҳали модари меҳрубони Шумо Илда Кандида душ Рейс Оливейра Гутерриш боиси андуҳи амиқи мо гардид.
Дар иртибот ба ин талафоти гарон ба Шумо ва тамоми наздикону пайвандонатон таъзия ва ҳамдардии самимии худро изҳор намуда, матонати рӯҳӣ ва сабри ҷамил хоҳонам”.