Дастаи футзали Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Continental Futsal Championship 2021» соҳиби мақоми панҷум шуд

Дастаи  мунтахаби Тоҷикистон оид ба намуди футзал  дар бозии ниҳоии худ дар Мусобиқаи байналмилалии «Continental Futsal Championship 2021» дар  шаҳри Тайланд бар дастаи  мунтахаби  Мозамбик бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуда, сазовори мақоми панҷум гардид. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар ин рақобати ҷолиб голҳои дастаи  мунтахаби Тоҷикистонро Бахтиёр Солиев, Файзалӣ Сардоров ва Умед Кузиев ба нишон расониданд. Дар бозии финалии имрӯза дастаҳои мунтахаби  Тайланд ва Эрон ба ҳам меоянд ва дар бозӣ барои ҷойи сеюм дастаи футзали   Узбекистон бо  дастаи мунтахаби  Миср ба ҳам  рақобат мекунанд.

Мусобиқаи байналмилалии «Continental Futsal Championship 2021» дар Бангкок

Бозӣ барои зинаҳои 5-6-

Мозамбик – Тоҷикистон – 2:3

Голҳои ТоҷикистонБахтиёр Солиев, Файзалӣ Сардоров, Умед Кузиев.

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Continental Futsal Championship 2021» дар шаҳри  Бангкок  дар гурӯҳи В  бар дастаи мунтахаби  Литва бо ҳисоби калони  9:2 пирӯз шуда буд. Дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Файзалӣ Сардоров 6 гол зад. Голҳои дигарро Рустам Ҳамидов, Дилшод Саломов ва дарвозабон Фирӯз Бекмуродов ба  ҳадаф расонида буданд.

Мусобиқаи байналмилалии «Continental Futsal Championship 2021» дар Бангкок

Гурӯҳи «В»

Даври 3-юм

Тоҷикистон – Литва – 9:2

Голҳои Тоҷикистон: Файзалӣ Сардоров (6), Рустам Ҳамидов, Дилшод Саломов, Фирӯз Бекмуродов.