ВКД аз муайян кардани аъзои шабакаи фаромиллии нашъаҷаллоб хабар дод

Акс аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ахиран аз баргузории амалиёти мақсаднок вобаста ба вазъи истеъмол ва гирифторшавии ҷавонон ба бемориҳои нашъамандӣ, ки дар ҳудуди маҳаллаи Гипроземи ноҳияи Сино доир карда шуд, хабар медиҳад.

Тавре маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар дод, дар натиҷаи амалиёти фаврӣ-профилактикӣ дар маҳаллаи Гипрозем зиёда аз 20 нафар ҷавононе, ки ба истеъмоли воситаҳои нашъадор машғул буданд, боздошт ва нисбат ба онҳо то 15-шабонарӯзӣ ҳабси маъмурӣ татбиқ карда шуд. Зимнан, бо онҳо корҳои пешгирӣ-фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим ба роҳ монда шуд.

Ҷиҳати пешгирӣ намудани паҳншавии ин вабои аср ва боздошту муайян намудани паҳнкунандагони ин маводи заҳрогин аз ҷониби Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе маҷмӯи чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ таҳия ва давоми як ҳафта амалӣ карда шуда, милитсияи шаҳри Душанбе ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.

Дар натиҷа фаъолияти ғайриқонунии як шабакаи фаромиллии нашъаҷаллоб, ки ба интиқоли ҳабҳои экстазию метаамфитамин аз хориҷ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути хатсайрҳои ҳавоӣ, роҳҳои байналмилалӣ бо истифода аз нақлиёти боркашони байнидавлатӣ машғул буд, таҳти назорати фаврии кормандони милитсияи шаҳри Душанбе қарор дода шуд.

Муайян карда шуд, ки ин гурӯҳи нашъаҷаллоби фаромиллӣ аз хориҷи кишвар бо роҳи ҷойгир намудани ҳабҳои сахттаъсири экстазӣ ва дигар намуди воситаҳои нашъадор дар дохили ҳар гуна махфигоҳ ба воситаи бағоҷи мусофирон онро ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол медодаанд.

Дар доираи ин амалиёт нахуст як нафар мусофир баъди ба ҳудуди пойтахти мамлакат тавассути Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе расидан, ки аз рӯи ахбори фаврии воридгардида роҳбарони шабакаи нашъаҷаллоби фаромиллӣ тавассути ӯ ба ҳудуди кишвар ҳабҳои сахттаъсири психотропӣ интиқол додаанд, зери назорати  фаврӣ  қарор дода шуд. Сипас баъди расидани пайғом ба нуқтаи охирин паҳнкунандагони асосии ҳабҳои синтетикӣ дар дохили манзили истиқоматиашон дастгир гардиданд.

Зимни азназаргузаронии объекти назоратшаванда муайян карда шуд, ки он муҳаррики ҳавосардкунаки мошин буда, қочоқчиёни маводи мухаддир ба таври моҳирона дар дохили он ҳабҳои синтетикию психотропиро ҷойгир намуданд, ки дар маҷмӯъ аз дохилаш 760 адад таблеткаҳои экстазӣ дарёфту мусодира карда шуд. Дар натиҷа зимни пешбурди чорабиниҳои тафтишӣ муайян гардид, ки дастгиршудагон Сафаров Абдулло Исмоилович, соли таваллудаш  1995 ва Абубакри Абдулмумин, соли таваллудаш 1992, ҳарду истиқоматкунандагони шаҳри Душанбе, кӯчаи Фирдавсӣ буда, ин миқдор ҳабҳоро аз Муҳаммад Шамсов ном шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар яке аз кишварҳои хориҷӣ қарор дорад, бо мақсади дар оянда паҳн намудан дар ҳудуди шаҳри Душанбе дастрас намудаанд.

Ҳамзамон дар идомаи амалиёт  айнан бо чунин тарз баъди тавассути фурудгоҳ вориди Душанбе гардидани як нафар мусофири дигар бо ду адад дастгоҳи обгармкунак масири ҳаракати предмети назоратшаванда таҳти мушоҳидаву чорабиниҳои фаврии милитсияи шаҳри Душанбе қарор дода шуд. Сипас дар кӯчаи Неъмат Қарабоев, назди маркази савдои “Суғдиён” ҳангоми ба соҳибияти худ қабул намудани воситаҳои нашъадор гумонбаршавандагони навбатӣ дастгир карда шуда, зимни кофтуков аз дохили таҷҳизоти обгармкунаки барқӣ дар ҳаҷми калон – 1230 адад ҳабҳои экстазии сахттаъсир дарёфту мусодира карда шуд.

Дар натиҷа муайян карда шуд, ки ин нафар – шаҳрванд Ҷалолов Фарух Сафаралиевич, соли таваллудаш 1990, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Неъмат Қарабоев буда, маводи мазкурро ба ӯ Вайсиддин Ғуломов ном роҳбари шабакаи фаромиллии қочоқи маводи мухаддир, ки ӯ ҳам дар хориҷа қарор дорад, интиқол додааст. Аммо чорабиниҳои тафтишӣ исбот намуданд, ки дастгиршуда Фарух Ҷалолов низ дар ин шабака вазифаи қабулкунанда ва дар ҳудуди пойтахт бо роҳи фурӯш паҳнкунандаи ҳабҳои экстазиро бар дӯш доштааст.

Дар идомаи корҳои фаврию-тафтишотӣ аз рӯи нишондоди Фаррух Ҷалолов манзили истиқоматии номбурда, воқеъ дар кӯчаи Бӯстонсарои шаҳри Душанбе аз назар гузаронида шуда, зимни кофтуков воситаҳои нашъадори қаблан қабул ва пинҳоннамудааш ёфта гирифта шуданд, ки навъи Метаамфитамин буда, 345 граммро ташкил медиҳад. Зимни пурсиш муайян гардид, ки ин воситаҳои нашъадорро низ роҳбари шабакаи фаромиллӣ – Ғуломов Вайсиддин бо таври махсус дар дохили ду ҷуфти пойафзоли варзишӣ ҷойгир ва тавассути бағоҷи мусофирони фурудгоҳ ба шаҳри Душанбе ирсол намудааст.

Дар ин ду ҳолате, ки 1990 адад ҳабҳои сахттаъсири экстазию психотропӣ ва 345 грамм воситаи нашъадори навъи Метаамфитамин мусодира карда шудаанд, боздоштшудагон ҳар адади ҳабҳоро 100 сомонӣ ва ҳар грамми Метаамфитаминро бо нархи 500 сомонӣ қабул намуда, мебоист ҳар адади ҳабҳоро 200-250 сомонӣ ва ҳар грамми метаамфитаминро ба маблағи 800-1000-сомонӣ ба фурӯш мегузоштанд.

Кормандони милитсия ҷиҳати муайян намудани шахсияти нафарони асосии интиқолдиҳандаи ҳабҳои наркологӣ аз хориҷи кишвар маҷмӯи чорабиниҳои тафтишотӣ гузаронида, муайян намуданд, ки онҳо, шаҳрвандон- Ғуломов Вайсиддин Ҷамшедович, соли таваллудаш 1993, истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб ва Шамсов Муҳаммад Фурқатович, соли таваллудаш 1995, истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб буда, далелҳои тафтишӣ собит намуданд, ки онҳо шабакаи нашъаҷаллоби фаромиллиро дар яке аз кишварҳои пешрафтаи хориҷӣ созмон дода, давоми 2 соли охир дар чандин маврид тавассути ҳавопаймо бо ҳар роҳу васила ва истифода аз махфигоҳҳо ҳабҳои экстазию метаамфитаминро аз хориҷа ба кишвар интиқол ва бо воситаи дигар ҳаммаслаконашон асосан дар маконҳои ҷамъшавии ҷавонон ба фурӯш мебаровардаанд. Айни замон нисбат ба ҳарду бо моддаи 200-қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва аз рӯи хати Интерпол дар ҷустуҷӯи расмии байналмилалӣ қарор дода шуда, ҷиҳати боздошту баргардонидани онҳо гуфтугӯ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои хориҷӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар ин ду ҳолате, ки аз паҳншавӣ ва муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар ҳудуди пойтахт пешгирӣ карда шуд, роҳбарони шабакаи фаромиллӣ аз мусофирони хатсайрҳои ҳавоӣ истифода намудаанд. Мусофирон, ки аслан аз мавҷудияти воситаҳои нашъадор дар дохили дастгоҳҳои интиқолшаванда огоҳ набуданд, бо гирифтани маблағҳои ночизе дар дохили бағоҷи худ дастгоҳҳои техникиро, ки дар дохилашон воситаҳои нашъадор мавҷуд буданд, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додаанд. Вобаста ба ин мақомоти тафтишӣ кулли мусофиронро ба таври қатъӣ огоҳ месозад, ки аз овардану интиқол додани ҳар гуна ашёи шубҳаовар аз хориҷ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон худдорӣ намоянд.

Вақтҳои охир воситаи нашъадори навъи Метаамфитамин ба истилоҳи олами ҷиноӣ “кристалл ё шиша” дар байни қочоқчиёни воситаҳои нашъадор ва истеъмолкунандагони он маъруфият пайдо намуда, муомилоти ғайриқонунии он бештар гардидааст. Давоми ҳафтаи мазкур дар идомаи силсилаамалиёт кормандони милитсияи шаҳри Душанбе дар доираи як чорабинии фаврӣ-ҷустуҷӯӣ 4 нафар шаҳрвандон: Сафаров Баҳодурхон Қурбоналиевич, соли таваллудаш  1972, истиқоматкунандаи ноҳияи Восеъ, аъзои як оила: Шарипов Наҳтулло Мирзохонович, соли таваллудаш 1976,
Шарипов Алихон Мирзохонович, соли таваллудаш 1982 ва ҳамсараш Наимова Фируза Абдуллоевна, соли таваллудаш 1983, сокинони шаҳри Душанберо дастгир намуданд, ки маҳз ба хариду фурӯши воситаи нашъадори навъи Метаамфитамин машғул будаанд. Дар натиҷа аз ин гурӯҳ ба миқдори 182 грамм Метаамфитамин мусодира карда шуд. Тавре зимни чорабиниҳои тафтишӣ муайян карда шуд, дастгиршудагон Сафаров Баҳодурхон ва бародарон Шариповҳо бо ҳар роҳу восита аз гурӯҳҳои нашъаҷаллоб воситаҳои нашъадор, махсусан Метаамфитаминро харидорӣ намуда, бо мақсади дар оянда паҳну ба фурӯш баровардани ин навъи мухаддарот байни ҷавондухтарон – дастгиршуда Наимова Фирузаро ба ин гурӯҳ ҷалб намудаанд.

Дар натиҷаи амалиёту чорабиниҳои якҳафтаинаи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ки бо мақсади муайяннамоии сарчашмаву паҳнакунандагони воситаҳои нашъадор дар ҳудуди пойтахт равона карда шуд, 3 ҳолат муайян, дар маҷмӯъ 1990 адад ҳабҳои сахттаъсири психотропию синтетикӣ ва 527 грамм Метаамфитамин мусодира  шудааст. Ин миқдор воситаҳои нашъадори мусодирашуда тибқи нишондоди боздоштшудаҳо дар бозори сиёҳ зиёда аз 1 млн 24 ҳазор сомонӣ арзиш дошта, бо пешгирӣ аз паҳншавии он то андозае пеши роҳи нашъамандии сокинон гирифта шуд.

Дар натиҷаи силсилаамалиёти якҳафтаина нисбат ба 11 нафар шахсони дастгиршуда, нашъаҷаллоб ва паҳнкунандагони воситаҳои нашъадор тибқи талаботи моддаи 200-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуда, назоратҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ вобаста ба ошкор ва дастгир кардани дигар нафарони нашъаҷаллоб идома доранд.