Дар вазъи мураккаби ҷаҳони имрўза таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, яке аз масъалаҳои ҳалталаби дилхоҳ кишвар ба ҳисоб меравад. Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ санаи 26-уми январи соли 2021 бо мақсади таъмини пурраи аҳолии мамлакат бо маҳсулоти ватанӣ бори дигар аз мушкилоти соҳаи кишоварзии мамлакат ёдоварӣ намуда, иброз доштанд, ки «мо минбаъд низ бояд тарзе кор кунем, ки ба ҳар гуна мушкилоти эҳтимолӣ омода бошем ва нагузорем, ки мардумамон аз норасоии маводи ғизоӣ танқисӣ ва муҳтоҷӣ кашанд”.
Аммо аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки баъзан заминҳои киштбоби ҷумҳурӣ ба амсоли эрозия, вайроншавии сохтори хок, биёбоншавӣ, бодлесшавӣ, шўршавӣ, фурӯравии замин ва ба таназзулёбӣ рў оварданд, ки ин ҳолат то андозае садди таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ мегардад. Дар иртибот ба масоили мазкур Президенти кишвар ба масъулони соҳа супориш доданд, ки минбаъд баҳри пешгирии ин тамоюл тамоми тадбирҳои судмандро андешанд. Шарифҷон Хоҷаев-директори Иниститути хокшиносии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон яке аз омилҳои аслии аз гардиши кишоварзи канор мондани заминҳои корамро дар истифодаи нодурусти заминҳои киштшаванда мебинад. Ба ақидаи ин соҳибназари соҳа беҳтар намудани ҳолати мелеоративии заминҳои корами обёришаванда, пешгири кардани шуршавии заминҳо, саривақт иҷро намудани корҳои агротехникӣ ва риоя кардани реҷаи обмонӣ ва ҷорӣ намудани киштгардон аз омилҳои аслии ба даст овардани ҳосили баланд мебошад.
Сироҷиддинзода Баҳриддин Валӣ-муовини якуми директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни таҳлили фаъолияти агентӣ тули 6 моҳи охир гуфт, ки дар натиҷаи амалигардии Барномаи давлатӣ оид ба беҳтар намудани ҳолати мелеоративии заминҳо дар шаш моҳ ҳолати мелеоративии беш аз 3 ҳазору 600 гектар замин беҳтар карда шудааст.
Воқеият собит менамояд, ки дар Тоҷикистон истеҳсоли зиёди маҳсулоти кишоварзӣ ба истифодабарии оқилонаи заминҳои кишоварзӣ ва истифодаи дурусти иншоотҳои ирригатсионӣ-мелиоративӣ вобастагӣ дорад. Зимни як пажуҳиши илмӣ коршиноси масоили экологӣ Ҳасан Асоев нигоштааст, ки шарти муҳими рушди кишоварзӣ дар Тоҷикистон обёрикунонии сунъӣ мебошад. Ҷаноби Ҳасан Асоев дар мақолааш менависад, ки махсусан «вазъи насосҳои обӣ ва стансияҳои насосӣ, ки тақрибан 300 ҳазор га ё 40 фоизи заминҳои обёришавандаро фаро мегиранд, ниҳоят ташвишовар аст. Аз сабаби бади ҳолати системаҳои обёрӣ ва дренажӣ, амалан заминҳои обёришаванда аз муомилоти кишоварзӣ хориҷ гардида, дар ҳолати бади мелеоративӣ қарор мегиранд”.
Дар ҳамин ҳол зимни нишасти матбуотии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулин иброз доштанд, ки айни замон беш аз 21 ҳазор гектар замин бинобар сабабҳои мушаххас, аз ҷумла обёрӣ нагардидан аз гардиши кишоварзӣ канор монданд.
Воқеан ҳам ҳамасола аз бадии ҳолати системаҳои обёрӣ заминҳои обёришаванда аз гардиши кишоварзӣ канор мемонад. Ба ақидаи муовини якуми директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддинзода Баҳриддин Валӣ, ки зимни нишасти матбуотӣ зикр кард, аксар иншоотҳои ирригатсионии Тоҷикистон солҳои 1970-1975-ум сохта шуданду имрўз дар онҳо корҳои таъмиру тармим идома дорад.
Дар ҷомеаи муосир ҷаҳони кишоварзӣ гузаштан ба обёрии инаватсиониро ба манфиати кор медонад. Гузашта аз ин обёрии қатрагӣ яке аз усулҳои самараноки сарфаи об ва рўёнидани ҳосили хуб дар замони муосир мебошад. Тавре Шарифҷон Хоҷаев-директори Иниститути хокшиносии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, гуфт, вақте кишоварз аз обёрии қатрагӣ истифода мебарад, обро чанд баробар сарфа менамояд. Инчунин, барои тақсими дурусти нуриҳои минералӣ ва заҳрхимикатҳо ин амал хеле мусоид аст. Муҳимтар аз ҳама ин усул қабати ҳосилхези заминро намешўяд ва хоки замин таназзул намеёбад.
Бо ҷорӣ намудани агрокластерҳо кишварҳои аз лиҳози кишоварзӣ пешрафта ҳам мушкилоти марбут ба обёрӣ ва ҳам зарфияту имконоти соҳаро самаранок истифода намудаанд. Сироҷиддинзода Баҳриддин Валӣ-муовини якуми директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегўяд, ки агар дар кишвари мо низ хоҷагиҳои деҳқонӣ мутаҳҳид шаванду агрокластер таъсис диҳанд, ҳатман нафъи бешумор ба даст меоранд.
Тибқи меъёрҳои муқаррарнамудаи СММ барои ҳаёти муқаррарӣ 0,03 га кофӣ аст. Ин нишондиҳанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 0,06 га баробар аст. Гузашта аз ин дар ҷаҳон 40% маводи хўрока аз 17% -и заминҳои корам ба даст оварда мешавад. Бино ба нигоштаи коршинос Ҳасан Асоев дар Тоҷикистони мо 90%-и маҳсулоти умумии кишоварзиро аз 18-20% -и заминҳои обӣ ба даст меоваранд. Ин омор бозгўйи он аст, ки иқтидору имконоти кишоварзии мамлакат метавонад, шаҳрвандонро дар ҳар гуна мушкилоти эҳтимолӣ, алалхусус аз норасоии маводи ғизоӣ раҳоӣ бахшад.
Муродулло Раҳимов
радиои «Тоҷикистон»