27 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Мардумии Чин Вэй Фэнхэро, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҷанбаҳои гуногуни муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Чинро дар сиғаи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ муҳокима карданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз раванди мусбии рушди робитаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиа ва амниятро самти муҳими муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя номиданд. Таъкид гардид, ки муборизаи муштарак бо терроризм ва экстремизм, ҷудоихоҳӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятӣ ва дигар таҳдидҳо самти мубрами ҳамкории ҷонибҳо дар соҳаи амният мебошад.
Дар ин зимн, ҷонибҳо роҳҳои таҳкими робитаҳоро дар соҳаи амният баррасӣ намуда, ҷиҳати таҳкими минбаъдаи шарикии самарабахши ду кишвар дар ин ҷода дар заминаи дуҷониба ва ҳам дар доираи сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавии ҳамкории бисёрҷониба изҳори назар карданд.
Дар ҷараёни мулоқот оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи ҳамаҷонибаи афкор сурат гирифт.
Ба вазъи кунунии низомиву сиёсии Афғонистон ва дурнамои рушди он диққати махсус дода шуд. Дар ин замн, Сарвари давлати мо бо изҳори нигаронӣ дар бораи рушди хатарзои вазъ дар ин кишвари ҳамсоя, аз ҷумла дар минтақаҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон андешаронӣ карда, вазири мудофиаи кишвари дӯсти Чинро дар бораи чораҳои аз ҷониби Тоҷикистон дар самти тақвияти ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва дар маҷмӯъ иқтидори мудофиавии он андешидашаванда дар ҷараён гузоштанд.
Таъкид гардид, ки якбора бад шудани вазъи низомиву сиёсӣ дар минтақаҳои шимолӣ ва шимолу шарқии Афғонистон боиси афзоиши шиддат мегардад ва ин ҳолат ба вазъи умумии таъмини амнияти минтақавӣ таъсири манфӣ мерасонад. Дар ин робита ҳамкории зичу ҳамгироии хадамоти дахлдор ва сохторҳои махсуси ду кишвар зарур шумурда шуд. Инчунин аҳамияти мусоидати ҳамаҷониба дар самти пешрафти раванди гуфтушуниди байни афғон махсус таъкид гардид.