Дар нимсолаи соли 2021 корхонаҳои тобеи КВД “Хоҷагии манзилию камуналӣ” воқеъ дар шаҳру ноҳияҳо кишвар ба истифодабарандагон ба маблағи 98 миллиону 476 ҳазор сомонӣ хизматҳои гуногуни камуналӣ расонидаанд, ки нисбат ба ҳамин давари ҳисоботи 114 дарсадро ташкил додааст.
Ин нукта имрӯз зимни нишасти хабари муовини аввали директори генералии КВД “Хоҷагии манзилию комуналӣ” Раҳимзода Сайфиддин ба хабарнигорон иттилоъ дод. Бино ба иттилои номбурда дар давраи ҳисоботи аз рӯйи ҳамаи андозҳо ба маблағи 23,6 миллион сомонӣ пардохт намудааст, ки нисбат ба соли 2020 128,3 дарсадро ташкил додааст.
Саъдӣ Ғоибов
радиои “Тоҷикистон”