Нишасти ҷашнии Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ моҳи сентябр баргузор мегардад

Имрўз зимни нишасти матбуотӣ дар ҳузури рўзноманигорон вазири корҳои хориҷии ҶТ Сироҷиддин Муҳриддин хабар дод, ки имсол Тоҷикистон дар ду созмони бузурги минтақавӣ: Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ раёсатро ба уҳда дорад ва рўзҳои 16-17 сентябри соли ҷорӣ пойтахти кишвари мо мизбони нишасти ҷашнии Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба муносибати 20-солагии таъсиси ва нишасти Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ он хоҳад буд.

Дар самти ҳамкорӣ бо Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) бояд қайд намуд, ки дар Душанбе 18-19 майи 2021 ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД таҳти раёсати Тоҷикистон баргузор гардид,-зикр кард манбаъ.

Ҳамчунин вазири корҳои хориҷиии мамлкат илова кард, ки дар ҷаласа ҳолат ва дурнамои таҳаввули авзои байналмилалию минтақавӣ ва таъсири он ба амнияти кишварҳои узви СААД мавриди баррасии тарафҳо қарор гирифта, таваҷҷуҳи хос ба Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи қарорҳои ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ ва иҷрои самтҳои авлавиятнок, ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шудаанд, зоҳир гардид.

Соли ҷорӣ Тоҷикистон раёсатро дар Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба уҳда дорад, ки он ба 20-умин солгарди таъсис ёфтани Созмон рост меояд. То ҳоло дар чорчӯби СҲШ таҳти раёсати Тоҷикистон 56 ҷаласаи гуногунсатҳи мақомоти СҲШ баргузор шуд,- иттилоъ дод имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар ҷамъи хабарнигорон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин.

Дар нишаст зикр карда шуд, ки 13-14 июли 2021 дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви СҲШ баргузор шуд. Ҷаласаи мазкур чорабинии калидӣ дар омода намудани ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ ба ҳисоб меравад. Оид ба натиҷаҳои нишасти мазкур 29 қарор қабул шуданд.

Ҳамчунин вазири корҳои хориҷии кишвар ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон 14 июли 2021 дар Душанбе бо иштироки ҳузурии ҳамаи давлатҳои узви СҲШ ва Афғонистон Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узв ва Афғонистон дар қолаби Гурӯҳи тамоси “СҲШ-Афғонистон” баргузор шуд. Аз натиҷаи Вохӯрии мазкур Изҳороти муштараки вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви СҲШ қабул шуд.

Машраби Холмаҳмад

радиои “Тоҷикистон”