Таъсиси магистратураи “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” дар Академияи идоракунии давлатӣ

Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ  бо мақсади беҳтар намудани сифати таълиму тарбия магистратураи “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” – ро таъсис додааст.

Ин нуктаро имрӯз, Абдухалил Ғафурзода, ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ дар ҳузури рӯзноманигорон иброз дошт.

Раёсати Академия тасмим гирифтааст, ки қабули довталабонро ба зинаи магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» аз рӯйи ихтисосҳои идораи мақомоти маҳаллӣ, идораи давлатӣ, сиёсати берунӣ ва дипломатия ва менеҷменти сиёсӣ ба роҳ монад.  

Ҳамчунин, масъалаи дигаре ки дар нишасти матбуотии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ матраҳ гардид, ин ифтитоҳи “Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон” дар муасисаи мазкур мебошад.  Ба иттилои ректори Академияи мазкур  Абдухалил Ғафурзода ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолияти самаранок ва расидан ба мақсадҳои дар назди худ гузошта, нақшаи фаъолияти Марказ барои солҳои 2021-2025 таҳия ва тасдиқ гардид, ки санади мазкур фаъолияти Марказро дар самтҳои гуногун барои 5 соли оянда ба нақша гирифтааст.

Дар Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ дар нимсолаи якуми соли 2021 тибқи Нақша-ҷадвали курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ барои соли 2021, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ тасдиқ шудааст, 21-курс баргузор  гардидааст.