Ғалабаи тими футзали Тоҷикистон бар Литва бо ҳисоби калон

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии «Continental Futsal Championship 2021» дар Бангкок аввалин ғалабаи худро ба даст овард.

Дар ин бора Федератсияи футболи кишвар хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки дар бозии ниҳоии марҳилаи гурӯҳӣ дар гурӯҳӣ В футзалистони Тоҷикистон бар тими миллии Литва бо ҳисоби 9:2 пирӯзии калон ба даст оварданд. Дар ҳайати тими миллии мо, Файзалӣ Сардоров ба задани 6 гол даст ёфт. Голҳои дигарро Рустам Ҳамидов, Дилшод Саломов ва дарвозабон Фирӯз Бекмуродов заданд.

Пас аз ин пирӯзӣ, мунтахаби Тоҷикистон бо гирифтани се хол имкони ба нимфинал баромаданро нигоҳ медорад. Имрӯз дастаҳои Эрон ва Миср дар бозии дигари гурӯҳи «В» бозӣ мекунанд.

Мусобиқаи байналмилалии «Continental Futsal Championship 2021» дар Бангкок

Гурӯҳи «В»

Даври 3-юм

ТОҶИКИСТОН – Литва – 9:2

Голҳои Тоҷикистон: Файзалӣ Сардоров (6), Рустам Ҳамидов, Дилшод Саломов, Фирӯз Бекмуродов.