Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки бо гурӯҳи тундрави Толибон ҳеҷ ҳамкорӣ ва гуфтушунид сурат нагирифтааст.
Дар ин бора вазири корҳои хориҷӣ зимни нишасти матуботии ин Вазорат дар посух ба саволи рӯзномагирон изҳори ақида кард.
“Мо ҳамеша таъкид карда будем ва ҳоло ҳам мегӯем, ки мавқеи ҳукумати расмӣ ва мардуми кишвари ба мо дӯст ва ҳамзабон- Афғонистонро дастгирӣ мекунем. То ҳол дар сатҳи сиёсӣ бо гурӯҳи Толибон ягон мулоқот ва ҳамкорӣ надоштем. Ҳозир барои мо аз ҳама муҳим мустаҳкам кардани хатти сарҳад аст. Дар ин масъалаҳо мо бо ҳукумати Афғонистон ва мақомоти он ҳамкориҳои хуб дорем”- изҳор дошт Сироддин Муҳриддин.
Сироҷддин Муҳриддин дар идома қайд кард, ки ба сиёсати дохилии Афғонистон ҷониби кишвари мо дахл нахоҳад кард. Нигаронии Тоҷикистон танҳо вазъи ноороми сарҳади ин кишвар бо Тоҷикистон аст. “Новобаста ба он ки Толибон изҳорот доданд, ки қисмати зидёде аз ин сарзаминро тасарруф карданд, аммо мо ба сиёсати дохилии Афғонистон кор надорем. Нигронии он вазъи ноороми сарҳад аст. Дар тамоми давраи ҷанги зиёда аз 40-солаи ин кишвар хатти сарҳади он бо Тоҷикистон, ки 1400 км мебошад, ҳамеша дар ихтиёру назорати мақомоти давалтии Афғонистон буд. Ҳоло, ки ин сарҳадот дар ихтиёри Толибон қарор гирифтааст, мо нигаронии зиёд дорем”- баён дошт, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ба гуфтаи вазир талошҳои пайгиронаи Тоҷикистон барои амн нигоҳ доштани хатти марз идома дорад.