Дар доираи сафари кории ҳайати вилояти Хатлон ба вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон вохӯрии ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Сайфиддин Давлатзода бо намояндагони Донишгоҳи шаҳри Тирмизи вилояти Сурхондарё баргузор гардид. Зимни мулоқот миёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва Донишгоҳи Тирмиз созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Дар ин бора сардори маркази таҳлилӣ-иттилоотии Донишгоҳи давлатии Бохтар Комрони Бахтиёр ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Зикр шуд, ки дар ҷараёни мулоқот баррасии масъалаҳо дар самти ҳамкории илмӣ ва пешрафти омӯзиши мутақобила, мусоидат ба ташрифи ҳайати омӯзгорон аз як донишгоҳ ба донишгоҳи дигар бо мақсади иштирок дар соҳаҳои тадқиқотии мувофиқашуда, мубодилаи маълумот ва нашри мавод дар нашрияҳои даврии таълимӣ сурат гирифт.