Идомаи Конфронси чоруми тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ 2021 дар Душанбе

26 июли соли 2021 дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency» – шаҳри Душанбе Конфронси чоруми Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим (КОМТИ-2021) ба кори худ оғоз кард ва имрӯз, 27-уми июл низ идома меёбад.

Дар муколамаи минтақавии КОМТИ-2021 роҳбарони вазоратҳои муҳити зисти Осиёи Марказӣ, намояндагони сохторҳои давлатӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, муассисаҳои илмӣ, гурӯҳҳои ҷавонон оид ба амалҳои иқлимӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва бонкҳои байналмилалии рушд ширкат варзида истодаанд.

КОМТИ-2021 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ (CAREC) ташкил карда шудааст.

КОМТИ-2021 платформаи худро барои муҳокимаи стратегияҳо, сиёсатҳои миллӣ, саҳми муайяншудаи сатҳи миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба татбиқи Созишномаи Париж бо иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод менамояд.

Паёми асосӣ-ҳамгироӣ ва талошҳои муштараки кишварҳои Осиёи Марказӣ барои ноил шудан ба ҳадафи шӯҳратпараст буда, моҳияти он пешгирии болоравии ҳарорати миёнаи ҷаҳонӣ аз 1,5 ° С мебошад.