Пирамарди 74-сола бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ боздошт шуд

Ба иттилои маркази матбуотии ВКД як пирамарди 74-сола бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ боздошт шудааст.

Ба маълумоти манбаъ, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия пирамарди 74-солаи сокини ҷамоати деҳоти Қумсангири ноҳияи Ҷайҳун, ки пеш бо моддаи 111 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 18-уми июли соли 2021, тахминан соати 13:00 дар хонаи истиқоматиаш бо домодаш марди 31-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷ.Балхӣ аз сабаби муноқишаи бамиёномада, бо корди ошхонагӣ ду маротиба ба узвҳои баданаш задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ба саломатиаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Аз рӯйи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.