Интизор меравад, ки дар соли таҳсили 2021-2022 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ихтисоси нав –иқтисодиёти рақамӣ, ки дар бозори меҳнат талабот ба он зиёд аст, роҳандозӣ гардад. Дар ин бора Ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Шукрулло Хайрзода зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони ВАО иттилоъ дод.
Шукрулло Хайрзода зикр намуд, ки Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар Рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда мешавад, мақоми чорумро нигоҳ дошт, ки он аз мавқеи устувор доштани ин донишгоҳ дар низоми илм ва маорифи мамлакат шаҳодат медиҳад. Инчунин Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо нишондиҳандаҳои баланд дар Рейтинги Webometrics Ronking of Word Universities (Мадриди Испания) дар байни 30 ҳазор донишгоҳҳои ҷаҳон яке аз ҷойҳои назаррасро сазовор шуда, дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи сеюмро сазовор гардид.
Зикр шуд, ки дар ҷараёни гузариш ба модулҳои низоми автоматикунонидашудаи рақамии таҳсилот дар соли таҳсили 2021 донишгоҳро 102 нафар донишҷӯён бо баҳои аъло хатм намуда, ба гирифтани дипломи «аъло» мушарраф гардиданд, ки нисбат ба соли 2020-ум 18 нафар ё 20 фоиз зиёд аст. Инчунин дар ин давра 13 номгӯй китоби дарсӣ барои ихтисосҳои марбутаи донишгоҳ таҳия ва аз мушовараи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ гузаронида шудааст.
Ҳамзамон Ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон изҳор дошт, ки дар соли таҳсили 2020-2021 аз ҷониби устодон, унвонҷӯён, доктор PhD аз рӯи ихтисос, магистрантон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар маҷмӯъ 1067 маводи илмӣ – таълимӣ ба нашр расидаанд, ки аз онҳо 1006 мақолаву фишурда, аз ҷумла, 6 мақола дар маҷаллаҳои SCOPUS ва Web of Sciense, 318 мақолаҳои дар маҷмуаҳои конфронсҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, 425 фишурда дар маҷмӯаҳои конфронсҳои донишгоҳӣ нашр гардидаанд, ки мояи ифтихор аст.