Насби овезаи экологӣ дар шаҳри Исфара

Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои супориши Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Исфара дар кӯчаи марказӣ – хиёбони Исмоили Сомонии шаҳр овезаи экологӣ бо суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насб гардид.

Дар ин бора Кумитаи ҳифзи муҳити зист хабар дода, менависад, ки тибқи супоришу тақсимот овезаи мазкур ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» бахшида шудааст.

Ҳадаф аз насб намудани овезаҳои тарғиботӣ баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ доир ба муҳити зист, нигоҳдорӣ ва самаранок истифодабарии захираҳои табиӣ маҳсуб меёбад. Ин иқдом минбаъд ҳатман идома ёфта, роҳандозӣ карда мешавад.