Субҳи имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон барои иштирок дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио- 2020 ба Япония сафар намуд.
Тавре иттилоъ дода мешавад, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бозиҳои олимпии Токио- 2020 10 нафар варзишгар- дзюдочиён: Сомон Маҳмадбеков (вазни то -73 кг), Акмал Муродов (то -81 кг), Комроншоҳи Устопириён (то -90 кг), Темур Раҳимов (то + 100 кг), муштзанҳо: Баҳодур Усмонов (то -63 кг), Шаббос Негматуллоев (то -81 кг), Сиёвуш Зуҳуров (зиёда аз -91 кг); риштаи варзиши сабук: Илдар Аҳмадиев (давидан ба масофаи 100 м), шиноварон: Олимҷон Эшонов (тарзи озод, 50 м) ва Анастасия Тюрина (тарзи озод, 50 м) намояндагӣ мекунанд. Гулсумбӣ Шарифова бо сабаби ҷароҳат бардоштан дар олимпиада иштирок карда наметавонад.
Зимни сафар варзишгаронро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Назаров гусел намуда, ба онҳо комёбиҳо таманно намуд.
Олимпиадаи Токио-2020 аз 23 июл оғоз шуда, то 8 август идома меёбад. Дар назар аст, ки дар олимпиадаи мазкур 11 ҳазор нафар варзишгарон ширкат варзида, барои 339 ҷоиза миёни ҳам қувва озмоянд.
Парчамбардори дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии Токио Темур Раҳимов мебошад. Бо назардошти варзишгарон шумори ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон аз 23 нафар иборат аст.
Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои тобистонаи олимпӣ ҳар чаҳор сол доир мегарданд. Бояд Бозиҳои олимпии Токио-2020 соли гузашта барпо мегардиданд, вале бо сабаби авҷи бемории коронавирус дар ҷаҳон ба соли 2021 гузошта шуданд.