Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим иброз дошт, ки равуои нақлиёти транзитӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон бидуни ягон монеа идома дорад.
Ин нуктаро Азим Иброҳим зимни нишасти матуботии ин Вазорат баён дошта, иттилоъ дод, ки танҳо рӯзи 13-уми июл аз Афғонистон ба Тоҷикистон 72 автомобили боркаш ворид шуда, аз ҷониби кишвари мо 51 нақлиёт вориди Афғонистон шудааст.
Ҳамчунин вазир аз талошҳо барои содатар кардани расмиёти равуои нақлиёти транзитӣ байни Тоҷикистону Афғонистон гуфт.
Иттилои вазири нақлиёт дар ҳолест, ки чанд гузаргоҳи гумрукии Афғонистон дар тасарруфи гурӯҳи террористии Толибон қарор гирифта, дар расонаҳо сару садое ба гӯш мерасад, ки интиқолу молу коло аз ҷониби ин гурӯҳ боздошта шудааст. Азим Иброҳим, бо назардошти вазъи бади амниятӣ дар Афғонистон ба ронандагон тавсия дод, ки дар сурати эҳсоси хавф аз сафар ба ин кишвар худдорӣ кунанд.