Аз 15 то 18 июли соли равон бинобар сабаби гузаронидани корҳои сохтмонӣ дар чорроҳаи кӯчаи С. Айнӣ бо гузаргоҳи якуми кӯчаи Н. Муҳаммади ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҳаракати нақлиёти автомобилӣ муваққатан қатъ карда мешавад. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 13 июли соли равон ба имзо расид.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тибқи банди 1 қарори мазкур масъулини соҳа уҳдадор шудаанд, ки самти ҳаракати нақлиёти автомобилии мусофирбарро, ки аз чорроҳаи кӯчаи С. Айнӣ бо якум гузаргоҳи кӯчаи Н. Муҳаммади ноҳияи Шоҳмансур мегузарад, ба воситаи кӯчаҳои ҳамшафат муайян намуда, дар нақшаи хатсайрҳои нақлиёти автомобилии мусофирбар муваққатан тағйироти дахлдор ворид намоянд.
Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳсоз»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вазифадор гардидааст, ки вобаста ба тағйири самти ҳаракати нақлиёт дар мувофиқа бо шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гузоштани аломатҳои роҳ ва дигар лавҳаҳои иттилоотию огоҳкунандаро барои ронандагони воситаҳои нақлиёт таъмин намоянд.
Ба Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе супориш дода шудааст, ки барои таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои ҳамшафат тадбирҳои мушаххас андешад.