Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ медиҳад, ки як сокини Қалъаи Дашти Файзободро бо гумонӣ дуздӣ дастгир кардааст.
Ба иттилои манбаъ, ба ШВКД дар ноҳияи Файзобод бо ариза марди 57-солаи сокини ҷамоати деҳоти Қалъаи Дашти ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 8-уми июли соли 2021, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои хоҷагии деҳқонии воқеъ дар деҳаи Дашти-Марзо 1-адад муҳаррики обкашӣ ва 150-метр қубури обгузарро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 11 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 31-солаи сокини ҷамоати деҳоти Қалъаи Дашти ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шудааст.
Аз рӯйи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.