Бино ба маълумоти КҲФ хисороти молӣ бар асари заминларза дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод пурра дақиқ шуда, оқибатҳои он бартараф шуда истодааст.
Гуфта мешавад, ки Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Тоҷикобод ва Гурӯҳи корӣ дар деҳаҳои Саричашма, Бӯстон, Кӯли Боло, Сумандара, Лангари Шоҳ, Мазори Боло, Мазори Поён ва Анвар Қаландари ин ноҳия дар натиҷаи заминларзаи рӯзи 10-уми июли соли ҷорӣ хонаҳои истиқоматӣ хароб шуданд ва мутаассифона, панҷ нафар ҷони худро аз даст доданд.
Ба маълумоти КҲФ, Ситоди ҷумҳуриявӣ бартарафсозии паёмадҳои офати табиӣ созмон дода шуд. Аз рӯзи аввали ҳодиса аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кумаки ҳамаҷониба ба зарардидагон оғоз гардид. Аз ҷумла, 12-уми июли соли 2021 Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Тоҷикобод ва Ситоди ҷумҳуриявии рафъи оқибатҳои офат таҳти роҳбарии Раиси кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода 123 хона дар ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикобод аз назар гузаронида шуд.
Маълум гардид, ки 137 хоҷагӣ дар деҳаҳои Саричашма ва Бӯстон 21 хона пурра ва 56 хона қисман вайрон шуданд. Ба зарардидагон кумаки тиббӣ расонда шуда, дар ҳавлиҳо корҳои зиддиуфунӣ роҳандозӣ шуданд. Онҳо бо маводи ғизоӣ, аз ҷумла орд, рӯғани рустанӣ, маҳсулоти макаронӣ, биринҷ, ниқобҳои истифода барои як бор, антисептикҳо, об ҳамчунин неруи барқ таъмин карда шуданд.
Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Рашт ва гурӯҳи корӣ 146 хонаи зарардида аз заминларза дар Раштро аз назар гузарониданд. Маълум шуд, ки дар ин минтақа 25 хона пурра ва 25 манзили дигар қисман хароб шудаанд, 94 хонаи дигар низ то ҳадде осеб дидаанд.
Барои омӯзиши вазъ ва арзёбии зарари расида ва ҳамоҳангсозии корҳои рафъи оқибатҳои заминларза рӯзи 10-уми июли соли 2021 ба макони ҳодиса Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори Агентии захираҳои давлатии моддии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти геология, Сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар шуда буданд.
Кор дар самти рафъи оқибатҳои офати табиӣ ва расонидани ёрӣ ба аҳолӣ идома дорад.