Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷонибек Ҳикмат эътимодномаи худро ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ҷаноби Антониу Гутерреш супорид.
Тавре сомонаи ВКХ менависад, дар мулоқот ҷонибҳо ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи обу иқлим, аз ҷумла Даҳсолаи амал “Об барои рушди устувор” ва эълон намудани 2025 ҳамчун соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, дар бораи масъалаҳои амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ба вежа Афғонистон мубодилаи афкор намуданд.
Созмони Милали Муттаҳид – созмони бонуфузи байналмилалӣ мебошад, ки ба мақсади таҳкими сулҳу субот дар ҷаҳон ва рушди ҳамкорӣ миёни давлатҳо соли 1945 таъсис ёфтааст. Номи “Милали Муттаҳид” бори аввал дар Эъломияи Милали Муттаҳид, ки 1-уми январи соли 1942 ба тасвиб расидааст, истифода шудааст.
Лозим ба ёдоварист, ки ҳамасола, рӯзи 2-юми март ҳамчун рӯзи узвияти СММ-ро касб намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.